Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз таърихи қабули Конститутсияи Тоҷикистон ёдовар шуданд

Ноябрь 4, 2025 14:18

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  «Конститутсия – санади сарнавиштсози  давлату миллат» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки «Конститутсия аз рӯзҳои аввали қабулаш дар назди давлату миллати мо вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб мерафт».

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади тақдирсоз қабул гардида, он дар рушду устувории соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳо ва вазифҳои олии давлатӣ, ҳамзамон муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақш ва ҷойгоҳи хоссаро ишғол намудааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз   28 декабри соли 2023 иброз гардид, ки «амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».

Дар ҷамъомад докторони илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессорон Саидумар Раҷабов ва Исрофил Бобоҷонзода аз нақш ва саҳми Пешвои миллат дар қабули Конститутсия сухан намуданд.

Таъкид гардид, ки аз рӯзи аввали таҳияи лоиҳаи Конститутсия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои инсонӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, ба гурӯҳи корӣ дастур додаанд, ки ин мафҳумҳоро, ки хусусияти инсонпарваронаву сулҳҷӯёна дорад, ба лоиҳа ворид намоянд. Зеро татбиқи амалии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба шароити ҷомеаи инсонӣ, суннатҳои таърихиву маънавӣ, рушди фарҳанги миллӣ, худогоҳии мардум мусоидати созанда дошта, дар баробари ҳуқуқу озодиҳо, шаҳрвандон уҳдадориҳои худро низ бояд дар назди қонун иҷро намоянд.

 АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 4, 2025 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид