Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз таърихи қабули Конститутсияи Тоҷикистон ёдовар шуданд
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия – санади сарнавиштсози давлату миллат» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки «Конститутсия аз рӯзҳои аввали қабулаш дар назди давлату миллати мо вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб мерафт».
Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади тақдирсоз қабул гардида, он дар рушду устувории соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳо ва вазифҳои олии давлатӣ, ҳамзамон муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақш ва ҷойгоҳи хоссаро ишғол намудааст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 иброз гардид, ки «амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Дар ҷамъомад докторони илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессорон Саидумар Раҷабов ва Исрофил Бобоҷонзода аз нақш ва саҳми Пешвои миллат дар қабули Конститутсия сухан намуданд.
Таъкид гардид, ки аз рӯзи аввали таҳияи лоиҳаи Конститутсия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои инсонӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, ба гурӯҳи корӣ дастур додаанд, ки ин мафҳумҳоро, ки хусусияти инсонпарваронаву сулҳҷӯёна дорад, ба лоиҳа ворид намоянд. Зеро татбиқи амалии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба шароити ҷомеаи инсонӣ, суннатҳои таърихиву маънавӣ, рушди фарҳанги миллӣ, худогоҳии мардум мусоидати созанда дошта, дар баробари ҳуқуқу озодиҳо, шаҳрвандон уҳдадориҳои худро низ бояд дар назди қонун иҷро намоянд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






