Дар Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе майдончаи варзишии футбол ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзишии футболи хурд сохта шуда, ҳамчун туҳфаи ҷашнӣ дар Рӯзи Конститутсия ба хонандагону омӯзгорон тақдим гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, майдончаи варзишӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта шуда, хонандагону омӯзгорони литсей имкон пайдо намуданд, ки бештар ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.
Сохтмони чунин иншооти варзишӣ на танҳо шароити беҳтар барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим фароҳам меорад, балки ба ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, хусусан футбол мусоидат менамояд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ зимни суҳбат бо ҷавонон таъкид дошт, ки аз имкониятҳои муҳайёгардида самаранок истифода бурда, барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муаррифии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш намоянд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






