Дар Манама машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн баргузор гардид

Ноябрь 3, 2025 11:54

ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябри дар шаҳри Манама машваратҳои сиёсӣ байни  вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайатҳоро дар машваратҳо муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Подшоҳии Баҳрайн Шайх Абдуллоҳ ибни Алӣ Оли Халифа роҳбарӣ намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои муфид дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳор дошта, бар зарурати идомаи мунтазами машваратҳои сиёсӣ дар сатҳҳои гуногун таъкид намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон                

Ноябрь 3, 2025 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид