Дар ноҳияи Мастчоҳ гурӯҳи ҷавонони синни даъватӣ даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ пурра иҷро гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, дар ин хусус раиси комиссияи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳия иттилоъ додааст.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 80 нафар ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ 25 нафар ҷавонони синни даъватӣ, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтанд, дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ даври омӯзишии ройгони ронандагиро хатм намуданд. Ин иқдом ба ҷавонон имконият медиҳад, ки дар баробари адои хизмати ҳарбӣ ҳамзамон соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ ва касби ҷавобгӯ ба талаботи бозор гарданд.
Бояд гуфт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, далерию шуҷоат ва ҷасорат аст. Ҷавонони ноҳия бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ барои иҷрои вазифаи конститутсионии худ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамроҳ мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»






