Дар нуҳ моҳи соли 2025 маблағи изофанависии неруи барқ дар Тоҷикистон беш аз 92 миллион сомониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар мамлакат 272 миллиону 133 ҳазор кВт/соат изофанависии неруи барқ ошкор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Маблағи изофанависии неруи барқ 92 миллиону 773 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ барои қонуншиканӣ 2768 парвандаи ҳуқуқвайронуқнии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2025 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Лоиҳаи ин санад дар асоси супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 27 марти соли 2025 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд, аз ҷониби Вазорати адлия таҳия гардид.
Барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани тамғаҳои (пломбаҳои) муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда мешавад.
Ҳамчунин тибқи ин қонун барои содир намудани ин ҷиноят ба маблағи калон ё махсусан калон, бо истифода аз вазифаи хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи муташаккил ё ташкилоти ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то даҳ сол пешбинӣ карда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






