Дар Риёз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар шаҳри Риёз бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, чорабинии мазкур дар Деҳаи олимпии Риёз бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ иштирок менамоняд, инчунин тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма роҳандозӣ шуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ дар хусуси хидматҳои бузурги таърихӣ ва талошҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи истиқлолу тамомияти арзии Тоҷикистон, таъмини суботи сиёсӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ, раванди дастёбии кишвар ба дастовардҳои фарогир дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва инчунин баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маълумот дод.
Таъкид гардид, ки ҳузури фаъол ва муваффақи варзишгарони тоҷик дар даври шашуми Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, аз таваҷҷуҳи назарраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди варзиш ва тавонмандсозии ҷавонону варзишгарони мамлакат дарак медиҳад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ










Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






