Дар «Саноатсодиротбонк» ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 4, 2025 13:21

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия таҳти унвони «Кониститутсия-муқаддасоти миллӣ ва бахтномаи шаҳрвандони Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.

Иброз гардид, ки  Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқ дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад.

«Конститутсияи Тоҷикистон дар ташкили давлатдории миллӣ, ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ дар байни вазифаҳои мафкуравию муассисӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва дигар вазифаҳои худ аз ҳама бештар вазифаи муқаддастарин, яъне муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро иҷро намуда, фарҳанги сулҳи тоҷиконро поягузорӣ ва дар амал татбиқ кард ва ҳамчун санади муҳимми ҳуқуқӣ барои амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи пешрафти давлат замина гузошт», -гуфта шуд дар ҳамоиш.

Дар ҷаласа ҳадафи асосии ин ҷашн баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ ва  шинохти Конститутсия чун омили рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ арзёбӣ гардид.

АКС: Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

 

 

Ноябрь 4, 2025 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд