Дар «Саноатсодиротбонк» ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия таҳти унвони «Кониститутсия-муқаддасоти миллӣ ва бахтномаи шаҳрвандони Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.
Иброз гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқ дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад.
«Конститутсияи Тоҷикистон дар ташкили давлатдории миллӣ, ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ дар байни вазифаҳои мафкуравию муассисӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва дигар вазифаҳои худ аз ҳама бештар вазифаи муқаддастарин, яъне муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро иҷро намуда, фарҳанги сулҳи тоҷиконро поягузорӣ ва дар амал татбиқ кард ва ҳамчун санади муҳимми ҳуқуқӣ барои амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи пешрафти давлат замина гузошт», -гуфта шуд дар ҳамоиш.
Дар ҷаласа ҳадафи асосии ин ҷашн баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ ва шинохти Конститутсия чун омили рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ арзёбӣ гардид.
АКС: Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






