Дар «Саноатсодиротбонк» Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами миллӣ – рамзи ифтихору ваҳдати тоҷикон» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.
Иброз гардид, ки мардуми сарбаланди тоҷик Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, якпорчагию бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд. Парчам дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳувияту худшиносии миллӣ нақши калон дошта, ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои миллӣ ҳидоят менамояд.
Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти Парчами давлатӣ саф кашида, Ватану миллат, номусу озодӣ ва забону фарҳангро ҳимоя намудаанд. Имрӯз низ вазифаи мо, шаҳрвандон аст, ки рамзҳои муқаддаси Ватанро ҳифз намоем.
Парчами давлатӣ тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он, ваҳдати миллӣ ва кӯшишу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ роҳнамун месозад.
Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватан фаро мегирад. Чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 3 ноябри соли 2009 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро пешниҳод намуданд. Он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тибқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1176 то 0.1160 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.6930 то 10.7500 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар форуми минтақавӣ дар Боку масъалаҳои маблағгузории соҳибкории хурду миёна ва сиёсати савдо баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1120 то 0.1150 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2756 то 9.3200 сомонӣ муқаррар шудааст






