Дар Суғд ба 60 нафар занони ҳунарманд гранти Раиси вилоят супорида шуд

Ноябрь 5, 2025 08:55

ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр ба 60 нафар занони  ҳунарманди вилояти Суғд гранти Раиси вилоят супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии занони ҳунарманд соли равон 60 гранти Раиси вилоят дар ҳаҷмҳои гуногун аз 5000 то 10 ҳазор сомонӣ таъсис дода шудааст.

Ба комиссияи грантҳои Раиси вилояти Суғд 105 лоиҳа пешниҳод гардид, ки беҳтаринҳо дастгирӣ ёфтанд. Дар доираи лоиҳа,  беш аз 650 нафар занону духтарон бо омӯзиш ва фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифта мешаванд.

Иброз шуд, ки занони ҳунарманд ният доранд, ки бо истифода аз маблағи грантӣ доираи фаъолияти коргоҳҳои худро васеъ намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон дар вилоят 288 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла 108 маркази атласу адрасбофӣ фаъолият доранд. Дар ин марказҳо беш аз 30 ҳазор занону духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ машғуланд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 грант ба андозаи 15 миллион сомонӣ расонида шуд (соли 2024 120 грант ба маблағи 5 миллион сомонӣ), яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд.

Соли 2025 аз вилояти Суғд 39 нафар занони фаъол бо пешниҳоди лоиҳаҳои худ соҳиби гранти президентӣ гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 5, 2025 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад