Дар Суғд вобаста ба таъмини дурнамои зироати кишоварзӣ машварат баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар вилояти Суғд оид ба таъмини дурнамои зироати кишоварзӣ дар соли 2026 машварат баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар машварат масъалаҳо оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин, махсусан аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ, баланд намудани ҳосилнокии зироат, ба маълумоти оморӣ пурра ворид гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, омодагӣ ба зимистони солҳои 2025-2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, шудгори босифати заминҳо, вусъати кишти такрорӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову холимонда, азхудкунии заминҳои нав, дар заминҳои корами обӣ тибқи дурнамои кишоварзӣ кишт намудани зироати кишоварзӣ, махсусан картошка ва пахта муҳокима гардид.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода иброз дошт, ки мо вазифадорем дурнамои кишти зироатро таъмин карда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузорем. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифодаи самараноку оқилонаи замин таваҷҷуҳи махсус дошта, дар ҳар вохӯрию суханрониҳояшон вобаста ба ин масъала масъулинро вазифадор менамоянд.
17 майи соли равон Пешвои миллат зимни суханронӣ дар машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Данғара таъкид намуданд, ки «мо бояд барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешида, барои кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ ҳама имконияту захираҳои мавҷударо пурра ва самаранок истифода намоем».
-Дар ин раванд сохтору мақомоти дахлдор, соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шаҳрвандони мамлакат вазифадоранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, васеъ ва ҳатман ба роҳ мондани кишти такрориро таъмин намоянд,-таъкид гардид дар машварат.
Дар фарҷом масъулин вазифадор гардиданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ба ҳар деҳқон дурнамои тасдиқшудаи кишти зироати кишоварзӣ ва иҷрои ҳатмии онро расонанд. Ҳамчунин бо истифода аз ҳавои мусоид дар муҳлати кӯтоҳтарин заминҳоро шудгор карда, барои дастрас намудани тухмиҳои босифати картошкаи барвақтӣ ва омода намудани техникаҳои кишоварзӣ аз ҳоло тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон








БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






