Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд

Ноябрь 3, 2025 13:26

ДУШАНБЕ, 03.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия барои таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда, дар заминаи меъёрҳои он фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ, ки ба рушди фарҳанг, таҷриба, ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ равона гардидаанд, ба роҳ монда шудааст. Чунин иброз намуд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода зимни баргузории мизи муддавар бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Умед Бобозода гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон муносибатҳои ҷамъиятиеро танзим менамояд, ки ба манфиатҳои олии давлат, ҷомеа ва фард вобаста мебошанд. Аз ин рӯ, бо назардошти таҷрибаи 31-солаи амали Конститутсия бояд ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон таъмин карда шуда, онҳо аз ҳар гуна тахдидҳои нави ҷаҳонӣ эмин нигоҳ дошта шаванд.

Изҳор гардид, ки қабули ин санади тақдирсоз ифодагари дастгирии халқ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, татбиқи бомароми меъёрҳои он ба пойдории сулҳу ваҳдат, соҳиби обрӯву эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштани давлат ва ба мамлакати ободу зебо табдил ёфтани Ватани мо мусоидат намуд.

Таъкид шуд, ки 31-солагии Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул кунад, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.

Дар ҳамоиш оид ба мавзуъҳои «Конститутсия ва тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо», Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои иинсон ва пояи давлатдории ҳуқуқбунёд», «Конятитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат» маърӯзаҳо шунида шуданд.

Маърӯзачиён изҳор доштанд, ки дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ- ин доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегарданд.

Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, бо мурури замон нишон дод, ки роҳи интихобнамудаи халқи Тоҷикистон дуруст аст. Конститутсияи мардумии Тоҷикистон боз даҳсолаҳо барои таъмини Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва шукуфоии Ватанамон хизмат мекунад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 3, 2025 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид