Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо сатҳи омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистонгузаронӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026» баргузор гардид.
Тавре аз ин вазорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷаласа омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистонгузаронӣ баррасӣ карда шуд.
Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, аъзои ситоди ҷумҳуриявӣ, инчунин роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар ин замина гурӯҳи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолати иҷрои ин қарор ва сатҳи омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоятро ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 мавриди омӯзиш қарор дода, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ гузориш пешниҳод намуд.
Зимни ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳисобот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон масъалаҳо оид ба маблағгузорӣ барои хариду захираи маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншооти энергетикӣ ва дигар бахшҳои муҳими зимистонгузаронӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ин самт ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад






