Дар вохӯриҳои канории СОР-30 ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид

Ноябрь 13, 2025 19:20

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Белеми Бразилия дар доираи Конфронси 30-юми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-30), бо ташаббуси ЮНЕСКО чорабинии канорӣ таҳти унвони «Арзёбии паёмадҳои тағйирёбии иқлим ба криосфера ва таъсири он ба давлатҳои хурди ҷазиравии рӯ ба инкишоф» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин чорабинӣ ба оғози амалишавии қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025–2034», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса қабул гардид, бахшида шуд.

Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти масъалаи ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун мавзуи муҳимми рӯзномаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, аз намояндагони давлатҳои иштирокдор, созмонҳои молиявӣ ва минтақавӣ иштироки фаъолонаро дар татбиқи натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, даъват намуд.

Дар чорабинӣ Сафири Фаронса оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи чорабинӣ сухан карда, аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 13, 2025 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад