Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) дар бозии санҷишӣ дастаи мунтахаби Русияро мағлуб кард

Ноябрь 18, 2025 08:55

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони то 15-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов бо дастаи наврасони Русия (U-14) рақобати дуюми санҷишӣ анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ин бозӣ 17 ноябр дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и Турсунзода баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт.

Қаблан, дар бозии якуми санҷишӣ, ки 14 ноябр дар Ҳисор баргузор шуд, дастаи Русия бо ҳисоби 5:3 ғолиб гардид.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон 

Ноябрь 18, 2025 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад