Доир ба нақши зеҳни сунъӣ дар ташаккули иқтисодиёти муосир конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр бо ташаббуси Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар ташаккули иқтисодиёти муосир» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, конференсия ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия бахшида шуд. Дар он коршиносон ва муҳаққиқони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки рушди инноватсия, афзоиши саводи рақамӣ, амалӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва рақамикунонии равандҳои иқтисодию иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди устувори ҷумҳурӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар самти рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Таъкид шуд, ки бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025–2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд. Ин дастгирии равшан ва фаъолона ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ мебошад.
Намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳои касбии Қазоқистон ва Қирғизистон дар формати маҷозӣ ҷиҳатҳои гуногуни истифодаи зеҳни сунъӣ дар қабули қарорҳо, таҳлили маълумот, омӯзиши фосилавӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбиро шарҳ доданд. Махсусан, мавзуъҳое, ба мисли нақши зеҳни сунъӣ дар рушди системаҳои иттилоотӣ, имконоти он барои муаллимони фанни информатика ва таъсири технологияи рақамӣ ба қабули қарорҳои идоракунии устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Омодасозии кадрҳои баландихтисос, такмили барномаҳои таълимӣ, ҳамгироии зеҳни сунъӣ ба низоми таҳсилоти касбӣ ва дастгирии техникию методӣ аз омилҳои муҳими пешбурди иқтисоди рақамӣ мебошанд. Зеҳни сунъӣ имкон медиҳад сифати хизматрасониҳо беҳтар гардида, самаранокии истеҳсолот ва идоракунӣ боло равад»,-таъкид шуд дар конференсия.
Иштирокчиён зимни саволу ҷавоб масъалаҳои амалӣ, аз ҷумла роҳҳои татбиқи зеҳни сунъӣ дар таълим, омӯзиши маҷозии донишҷӯён, рушди стартапҳо, дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва густариши ҳамкории байналмилалиро муҳокима намуданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






