Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи омӯзгории Синзян тақвият мебахшад

Ноябрь 13, 2025 13:27

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода бо ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масъалаҳои гуногуни ҳамкории илмӣ ва таълимии ду донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки барои тавсеаи робитаҳои мутақобил иқдоми муштаракро амалӣ созанд.

Таъкид шуд, ки бо талошу иқдоми пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкории ду давлат дар соҳаи маориф ва илм босуръат рушд менамояд. Дар ин замина зарур шумурда шуд, ки робитаҳои илмӣ ва таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Синзян боз ҳам тақвият дода шаванд.

Зимни мулоқот диққати асосӣ ба роҳандозии ҳамкории илмӣ дар самтҳои иқтисодиёт, информатика, зеҳни сунъӣ, биология ва экология, дорусозӣ ва дигар илмҳои бунёдӣ равона гардид. Ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки табодули академии омӯзгорон, таҳқиқоти муштараки илмӣ ва чорабиниҳои илмиро ба роҳ монанд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 13, 2025 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид