Довталабони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо адибон вохӯрӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар доираи баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» вохӯрии довталабон бо адибон баргузор гардид.
Тавре аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҳфил довталабони даври ниҳоии озмун ва шоирону нависандагоне, ки осори онҳо дар Низомномаи озмун барои иштирокдорон пешниҳод гардидааст, иштирок намуданд.
Баргузории чунин маҳфилу чорабиниҳо имкон фароҳам меорад, ки хонандагон бо муаллифони осори мутолиакардаашон аз наздик шинос шуда, ба суолҳои худ посух бигиранд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад зимни суҳбат бо довталабон оид ба хусусияти жанрии қиссаҳо сухан гуфт. Нависанда изҳор дошт, ки ҳар китобе, ки мутолиа мекунед, ба ҷузъиёти он бояд бо диққат назар андозед, чун ҳадафи муаллиф метавонад тавассути чунин ҷузъҳои хурдтарин муайян гардад.
Шоирону нависандагон зимни вохӯрӣ оид ба интихоби дуруст ва мутолиаи китобҳо тавсияҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи вохӯрӣ аз шиносоии бештар бо осори насрию назмии адибони муосири тоҷик иборат буд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






