ИНТЕРНЕТИ ХОНАГӢ. Тамоми сол бе нигаронӣ ва бидуни пардохтҳои ҳармоҳа!

Ноябрь 5, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» силсилаи нави тарофаҳои солонаи интернети собит барои манзили истиқоматӣ–«Хонагӣ #365»-ро ба роҳ мондааст. Акнун муштариён бо ба даст овардани интернети бемаҳдуд барои 12 моҳ бо нархи 10 моҳа метавонанд пардохтҳои ҳармоҳаро фаромӯш созанд. Ин имкон медиҳад, ки дар як сол то 560 сомонӣ маблағ сарфа намоянд.

Тарофаҳои нави «Хонагӣ #365» барои таъмини истифодаи устувору бароҳати интернети хонагӣ барои тамоми оила таҳия шудаанд. Онҳо трафики бемаҳдудро бидуни ягон маҳдудият аз рӯи ҳаҷм пешниҳод намуда, суръати баланд ва пайвасткунии боэътимодро кафолат медиҳанд.

Силсила чор тарофаро дар бар мегирад, ки аз ҳамдигар аз рӯи суръати дастрасӣ фарқ мекунанд, то ки ҳар як муштарӣ тавонад имконияти муносибро барои эҳтиёҷоти худ интихоб намояд.

«Старт 365» – 1500 сомонӣ дар як сол. Суръат то 15 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ ва то 30 Мбит/с барои манбаъҳои дохилӣ. Барои веб-серфинг, паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ комилан мувофиқ аст.

«Онлайн 365» – 1800 сомонӣ дар як сол. Суръат то 20 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ ва то 50 Мбит/с барои манбаъҳои дохилӣ. Интихоби беҳтарин барои омӯзиши онлайн, зангҳои видеоӣ ва тамошои контенти стримингӣ ба ҳисоб меравад.

«Комфорт 365» – 2300 сомонӣ дар як сол. Суръат то 25 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ ва то 100 Мбит/с барои манбаъҳои дохилӣ. Баҳри истифодаи фаъолонаи оилавӣ ва дастгоҳҳои сершумори пайвастгардида тавсия дода шудааст.

«Премиум 365» – 2800 сомонӣ дар як сол. Суръат то 30 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ ва то 100 Мбит/с барои манбаъҳои дохилӣ. Роҳати мукаммалро барои онлайн-бозиҳо, стриминг бо сифати баланд ва кори яквақтаи ҳамаи гаджетҳо таъмин менамояд.

Ҳамаи тарофаҳо дастрасии баландсуръатро ба манбаъҳои маъруф, аз ҷумла YouTube, TikTok, Instagram, Facebook, WhatsApp ва VK мувофиқи бастаи интихобшуда кафолат медиҳанд.

«Бо ҷорӣ гардидани силсилаи «Хонагӣ #365» мо интернети хонагиро боз ҳам қулайю муфид гардондем. Бо як маротиба пардохт кардан муштариён интернети устуворро барои тамоми сол ба даст оварда, то 2 моҳ пардохти абонентиро сарфа мекунанд. Ин имконияти муосир барои таҷрибаи бароҳату муттасили онлайнии тамоми оила мебошад», — иброз намуд и.в. директор оид ба инкишоф ва корбурди таҳвили маълумоти собити баландсуръати ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Баҳром Носирҷонов.

Тарофаҳои «Хонагӣ #365»-ро аллакай имрӯз дар идораҳои хизматрасонии ширкат ё тавассути рақами кӯтоҳи 4747 пайваст кардан мумкин аст. Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо ва тамоми имкониятҳои силсилаи нав дар сомонаи ширкат дастрас мебошад. Интернети муносиби худро барои хона интихоб намуда, онро барои тамоми сол устувор, зуд ва қулай гардонед!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

 

 

 

Ноябрь 5, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад