Кишоварзони вилояти Суғд беш аз 90 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро намуданд

Ноябрь 26, 2025 13:47

ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. То 25 ноябр дар вилояти Суғд 118 ҳазору 223,2 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки беш аз 90 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии пахта нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 қариб 40 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

То имрӯз кишоварзони ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсоли пахтаро пурра иҷро намудаанд.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ҳавасмандгардонии кишоварзон ба масъулини ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров мошини сабукрав тақдим гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ диққати махсус зоҳир менамояд. Истифодаи усулҳои нави инноватсионӣ, тухмиҳои серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникӣ имкон дод, ки пахтакорони вилояти Суғд соли равон дастовардҳои худро афзоиш диҳанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Ноябрь 26, 2025 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд