КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 сол пеш, яъне 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид. АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд:
***
Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.
***
Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.
***
Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид. Аз ҷониби халқи Тоҷикистон пазируфта шудани роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар заминаҳои воқеии ҳуқуқӣ гузошт.
***
Марому мақсади халқи Тоҷикистон, ҳадафҳо ва нақшаҳои стратегии давлат, ки дар Конститутсия эълон шуда буданд, дар як муддати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуданд, зеро онҳо бо арзишҳо ва ҳадафҳои ҷомеаи мутамаддини башарӣ мутобиқ мебошанд.
***
Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад.
***
Конститутсияи Тоҷикистон анъанаҳои давлату давлатдории тоҷиконро инъикос карда, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони огоҳи миллати тоҷикро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ гардонид.
***
Конститутсия дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳимтаринеро гузошт, ки ташкили ҳокимияти давлатии муосир, низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
***
Аҳаммияти таърихии Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки ин санади муқаддаси давлати соҳибихтиёр истиқлолу озодии Тоҷикистонро ба расмият дароварда, шакли идораи давлатро муайян намуд.
***
Конститутсия барои ташкил ва таҳкими низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт ва омили таъминкунандаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ гардид.
***
Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамуд, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт.
***
Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.
***
Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунанда бозид
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»






