Маликшо Неъматзода ва Евгений Примаков рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Ноябрь 13, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Роҳбари Агентии федералии Русия оид ба кор бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ («Россотрудничество») Евгений Примаков мулоқот намуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи рушди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои маърифатӣ, фарҳангӣ, дастгирии диаспораҳо, бахусус ҳамватанони тоҷик дар қаламрави Русия, баргузор кардани чорабиниҳои муштарак дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва тақвияти робитаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мубодилаи афкор намуданд.

Маликшо Неъматзода гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими дӯстию бародарӣ байни Тоҷикистону Русия буда, ба робитаҳои мустаҳкам бо ниҳодҳои гуманитарии ин кишвар, аз ҷумла «Россотрудничество» аҳамияти махсус медиҳад.

Ҷониби Русия низ барои тақвияти ҳамкорӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мусоидат ба фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Русия изҳори омодагӣ намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 13, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид