Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд

Ноябрь 18, 2025 15:19

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар 10 моҳи соли равон беш аз 115 далели истеъмоли чилим, ба истилоҳ «калян» ва сигорҳои гуногуни электронӣ дар дохил ва атрофи муассисаҳои таълимӣ ошкор карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони самти кор бо ноболиғони милитсияи пойтахт ҳафтаи сипаришуда 7далели истеъмоли чилим ва сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои таълимӣ ошкор гардид.

Ба иттилои ин раёсат, ноболиғон Умаров А., Қарахонов Ё., Иззатуллоев И., Раҳмонов М., Зуҳуров М., Султонов А. ва Ҷабборов А. дар дохили муассисаи таълимӣ ба ин амали номатлуб машғул буданд.

Гарчанде нисбат ба волидайни чунин ноболиғон бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, чораҳои таъсиррасони қонунӣ татбиқ карда шаванд ҳам, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин омили номатлуб тамоюли афзоишёбӣ дорад.

Дар ин замина милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон, падарону модарон, фаъолони ҷомеа, масъулини мактабу маориф ва аҳли ҷомеа хоҳиш менамояд, ки ҳар амалу рафтори наврасонро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

Вақтҳои охир истеъмоли маҳсулоти тамоку, махсусан чилим (калян) ва сигорҳои электронӣ аз ҷониби ноболиғон зиёд ба назар мерасад. Ин омили басе номатлуб оқибат метавонад истеъмолкунандагони онро ба бемориҳои вазнину мушкил гирофтор намояд.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал менамояд. Дар ҳар боб ва моддаҳои ин қонун оид ба амали қонун, сиёсати давлатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва ваколатҳои он, комиссияҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои онҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгор, пешгирии ҳуқуқвайронкориҳо ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонун маълумот оварда шудааст.

Дар ин замина омӯзгорон ва волидайнро зарур аст, ки хонандагонро ба машғулшавӣ ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзию хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷустан аз ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ ҷалб намоянд.

Ин қонун на танҳо ба манфиати кӯдак, балки ба манфиати падар, модар, ҷомеа ва рушди давлату пойдории миллат равона шудааст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шумораи наврасону ҷавононе, ки ҳуқуқҳоро вайрон мекунанд, зиёд мегардад.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», кашидани ҳама навъи тамоку, аз ҷумла чилим, нос, инчунин сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, биноҳои маъмурӣ ва коргоҳҳои давлатӣ қатъиян манъ мебошад.

Ҳамчунин дар моддаи 2, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» чунин омадааст: «Фурӯши маҳсулоти тамоку дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, иҷозат дода намешавад. Дар ҳолати шубҳа пайдо кардани фурӯшанда оид ба синну соли шахсе, ки маҳсулоти тамокуро мехарад, фурӯшанда уҳдадор аст аз харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синнашро талаб намояд. Агар аз ҷониби харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синнаш пешниҳод нагардад, фурӯшанда фурӯхтани маҳсулоти тамокуро ба ӯ рад мекунад».

«Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, варзиш, сайёҳӣ ва оид ба дин вазифадоранд, ки тавассути воситаҳои ахбори омма, филмҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ ва буклету расмҳо иттилоотонии аҳолиро оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон ва оқибатҳои ногувори он ба генофонди миллӣ мунтазам ба роҳ монанд»,- дарҷ гардидааст дар қонуни мазкур.

Ба замми таъкидҳои доимӣ ва баргузории санҷишҳои доимии масъулин, мутаассифона, аз ҷониби кормандони самти кор бо ноболиғони милитсияи пойтахт истеъмоли чунин мавод аз ҷониби наврасон ҳамарӯза ба қайд гирифта мешавад.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

 

 

Ноябрь 18, 2025 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?