МУКОЛАМАИ ЗАНОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Дар доираи он таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форум баргузор мегардад

Ноябрь 25, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи  Муколамаи занони Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форуми хотимавӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон хабар доданд.

Дар ҷаласа аъзои муколама аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони, вазорату идораҳо, ташкилоти байналмилалӣ, ҷамъиятӣ, коршиносони миллию байналмилалӣ ва гуруҳи занони паноҳҷӯй аз кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд, иштирок менамоянд.

Зимни форум иштирокчиён масъалаҳои таҳкими сулҳ ва амният дар Осиёи Марказӣ тавассути роҳбарии занон, ҳамкории муштараки занони сулҳофар ва ҷавонон оид ба ваҳдати наслҳо, сулҳи устувор ва амният, ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи маориф, омӯзиши касбӣ ва тавсеаи имконияти иқтисодии занони паноҳҷӯйро баррасӣ менамоянд.

Дар доираи форум раёсати «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» дар соли 2026 ба дигар давлати аъзо гузошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2024 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар он раёсати муколама дар соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 25, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд