МУКОЛАМАИ ЗАНОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Дар доираи он таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форум баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форуми хотимавӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон хабар доданд.
Дар ҷаласа аъзои муколама аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони, вазорату идораҳо, ташкилоти байналмилалӣ, ҷамъиятӣ, коршиносони миллию байналмилалӣ ва гуруҳи занони паноҳҷӯй аз кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд, иштирок менамоянд.
Зимни форум иштирокчиён масъалаҳои таҳкими сулҳ ва амният дар Осиёи Марказӣ тавассути роҳбарии занон, ҳамкории муштараки занони сулҳофар ва ҷавонон оид ба ваҳдати наслҳо, сулҳи устувор ва амният, ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи маориф, омӯзиши касбӣ ва тавсеаи имконияти иқтисодии занони паноҳҷӯйро баррасӣ менамоянд.
Дар доираи форум раёсати «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» дар соли 2026 ба дигар давлати аъзо гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2024 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар он раёсати муколама дар соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.
АКС: АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






