Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳадафи сулҳу оштӣ ва ҳамзистии осоишта ҷавлон мезанад

Ноябрь 24, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар Тоҷикистон то ҷойест, ки дар мамлакати мо яке аз баландтарин парчамҳои дунё қомат афрохтааст. Ҳамасола дар Рӯзи Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон тамоми ҷавонони мо парчам ба даст ба кӯчаҳо мебароянду дарёи Парчами миллӣ аз кӯчаҳои мо ҷорӣ мешавад, ки чунин манзараро дар ҷоёи дигар наметавон дид.

Ин гувоҳи муҳаббати халқи мо ба Парчами миллист, ки дар пойтахти Ватани маҳбуби  мо, хосса боғе бо номи Боғи Парчами миллӣ бунёд гардидааст. Дар саросари он тандисҳои қаҳрамонони таърихии халқи тоҷик қомат афрохтаанд. Ин манзара моро ба пос доштани хотираи неки гузаштагону қаҳрамононамон ҳидоят менамояд.

Арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси миллӣ дар байни мардуми соҳибтамаддуни тоҷик собиқаи дерина дорад. Миллати нексиришт, хайрхоҳ ва инсонпарвару башардӯсти мо аз қадимтарин миллатҳоест, ки муқаддасоти худро эҷод ва соҳибӣ кардааст ва дар эҷоду бунёди муқаддасоти инсонӣ ҳамин  сиришти неку инсондӯстонааш роҳнамо будааст.

Аз ҷумлаи он муқаддасоте, ки миллати мо давоми ҳазорсолаҳо ба онҳо ҳамеша арҷ гузоштааст, метавон аввалан китобро ном бурд, ки дар пояи забондорӣ ва бунёду  равнақи илму фарҳанг арзи вуҷуд доштааст. Китоб, ки ҳосили табиати эҷодкори миллати мост, дар байни мардуми мо ҳамеша муқаддас шуморида шуда, муқаддас дошта  шудааст. Зеро маҳз дар китоб ҳама дастовардҳои ақлонию илму адабу дониши миллати мо маҳфуз дошта мешуд.

Дар ҳамин поя миллати мо аз аввалин миллатҳоест, ки маҷмуаи қонунҳо, яъне, конситутсияи худро эҷод кардаю ба роҳ мондааст. Эъломияи Куруши Кабир, ки ҳанӯз соли 539 –и  пеш аз мелод, яъне дуним ҳазор сол пеш дар  сарзамини мо ба роҳ монда шудааст, гувоҳи ин аст.

Дар ҳамин радиф рамзи муқаддаси дигари мо- Парчами миллӣ низ таърихи чандинҳазорсола дорад. Яъне, миллати мо аз аввалин парчамдорони башар маҳсуб мешавад.

Бубинед, ки давоми таърихи дуру дарозу гарону хунине, ки миллати мо аз сар гузаронидааст, ҳамин эҳсоси муҳаббат ва арҷгузорӣ ба  муқаддасот дар сиришташ ҳамеша маҳфуз будааст. Аз ин рӯ дар баробари расидан ба Истиқлоли давлатӣ миллати фарҳангдӯсту нексиришти тоҷик аввалан рӯ ба эҳёи маънавӣ оварда, ба эҳёву бунёди муқаддасоти худ оғоз намуд. Нахуст  дар пайи арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва сипас пайи эҳёи Парчами давлатию қонунгузорӣ гардид, ки аввалин нишонаҳои давлатдорӣ мебошанд.

Дар асоси далелҳои “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ метавон гуфт, ки аввалин Парчами миллии мо аз пешбанди чармии Коваи оҳангар чун рамзи адолатхоҳӣ боло гардидаю мардумро аз паси худ бурдааст. Ин далели он аст, ки Парчами миллии мо ҳаргиз парчами ҷангу таҷовузҳои истилогарона набуда, баръакс бо номи доду ситод, барои адолат ва инсоф боло гардидааст.

Парчами миллии мо имрӯз низ ҳамин моҳияти худро нигоҳ доштааст. Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори парчамҳои миллии бузургтарин давлатҳои дунё дар арсаҳои байналмиллалӣ барои сулҳу оштӣ, ҳамзистии осоишта ва ҳадафҳои волои башардӯстона ҷавлон мезанад.

Имрӯз таҳти сарварии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони биҳиштосои мо мазҳари сулҳу дӯстӣ ва амнияту осоиштагӣ мебошад. Имрӯз халқи хайрхоҳу некманиши тоҷик дари дӯстӣ ва меҳру муҳаббатро ба рӯи оламиён боз  кардааст. Тамоми суннатҳо, маросиму ойин ва ҳунарҳои халқамон, ки таҳти сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллатамон эҳёи тоза меёбанд, гувоҳи тиннати неки миллати тамаддунофари тоҷик мебошанд.

Ифтихори имрӯзи мо, тоҷикон аст, ки тамоми созандагиҳо ва бунёдкориҳои беназири халқи тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат имрӯз таҳти партави ҳамин парчами беназир, ки таърихи ҳазоронсола дорад ва ҳамеша парчами некию адолат ва пирӯзиҳо будааст, амалӣ мешаванд. Ҳамин Парчами баланди миллист, ки моро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави ормонҳои миллӣ ва пирӯзиҳои халқамон ҳидоят ва роҳнамоӣ мекунад.

ПАРЧАМИ ОЗОДАГОН

Эй намои аввалину охирин армони мо,

Парчами пирӯзии мо, рамзи ҷисму ҷони мо.

Ту баландӣ ҳам аз оне, ки баландият расост,

Ту баландӣ, з-эътино, аз эътиқоду  шони мо.

Ин туӣ, уммеду бовар, рамзи пирӯзии халқ,

Рамзи оташболии Қақнуси парафшони мо.

Рамзи ин халқи тамаддунпарвари некӯнажод,

Рамзи халқи хайрбунёду саодатшони мо.

Дар ту таърихи ҳазоронсола ҷавлон мезанад,

Рамзи нангу номи мо, оинаи виҷдони мо.

Бо баландият сари моро ҳамедорӣ баланд,

Ҷилвагар бинмудаӣ дар худ фару эҳсони мо.

Ин туӣ рангинкамони завқу табъи миллатам,

Парчами сурху сапеду сабз дар айвони мо.

Мо зиёдему ту якто, зери ту саф оварем,

Бо ту якҷонему яктан, эй фари даврони мо.

Бол зан, бо худ бубар моро ба фардои мурод,

То ба гардун бар шукуҳи бахти фарзандони мо.

Эй фурӯғи родмардӣ дар сари мо ҷилва кун,

Меҳрафшон бош, эй меҳру фари тобони мо.

Эй ҳузурат раҳнамо бар ҳифзи халқу Меҳанам,

Дар сари ҳар бом тӯмори балогардони мо.

Ту аз он рӯ дар баландоӣ, ки бинемат зи дур,

Ҷилвагар шав аз ҳама сӯ, эй фари Яздони мо.

Ту падидор аз ҳама кунҷи ҷаҳонӣ дар назар,

Чун қасам, ҳамчун ниёиш, қиблаи паймони мо.

Аз чӣ болоят бубардорем? То тоби зи дур

Чун наҷоти миллати мо, ҳиммати мардони мо.

Эй ирода, эй садоқат, эй вафои ҳар нафар,

Эй нишони бешикасти руҳи олишони мо.

Ваҳдати мо бо ту монад пойдор андар ҷаҳон,

Дар матои сидқи мо аз риштаҳои ҷони мо.

Эй нахустин парчами адлу адолат, хайру дод,

Ифтихори парфишони бахт дар сомони мо.

Ҷони худ додем бар душман, надодемат зи даст,

Чун ки боло аз сари моӣ ту дар дастони мо.

Эй матонат-парчами аҳли каломи эзадӣ,

Бош чун файзи Худо дар  хонаву дар хони мо.

Парчами Кова ту будӣ, парчами Испитамон,

Бош бо мо ҷовидонӣ, эй фари Раҳмони мо!

 

ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН

Рамзи саодати мост

Ин парчами парафшон,
Рамзи сафои миллат,
Рамзи шукуҳи имон.

Аз сурхрӯйии мост
Он ранги сурхи рӯяш,
Чун рамзи ҷоннисорист
Дар маслаки накӯяш.

Ранги сафед покист,
Рамзи раҳи умед аст.
Чун шири поки модар
Бунёди мо сафед аст.

Чун ҳаст Тоҷикистон
Як мулки сабзу хуррам,
Рамзи нумӯи миллист
Ин ранги сабзи парчам.

Ҳафт ахтарест дар он
Як осмон нигаҳбон,
Ҳафт ахтари саодат
Мерос аз ниёкон.

Дар ҳифзи номи кишвар
Омодаем бо ҷон,
Дар зери парчами худ
Бо номи Тоҷикистон

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ
«Ховар»

Ноябрь 24, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, худшиносӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад»
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли гулкарам ба гирифторони бемориҳои ҷигар ва талхадон муфид аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ гуна ангиштро дуруст истифода барем, то хатари заҳролудшавиро пешгирӣ кунем?
БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ. Дар Тоҷикистон аз майдони кам метавон ҳосили баланди босифат ба даст овард
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли сиёҳдона дар зимистон хавфи гирифторӣ ба зукомро коҳиш медиҳад
ФАЗОИ ТОҶИКРО ОЯНДАИ ДУРАХШОН ИНТИЗОР АСТ. Назари коршинос дар хусуси рушди авиатсияи тоҷик
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хурмо нисбат ба себ ду маротиба бештар микроэлементҳои муфид ва нахи парҳезӣ дорад
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ТОҶИ САР АСТ». Парчами давлатӣ рамзи ваҳдат ва сарҷамъии миллат аст
Маликшо Неъматзода: «Парчами давлатӣ дар таҷассуми ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳимояи марзу бум мавқеи барҷаста дорад»
ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ. Ва ё қадаме ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи сайёра