Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии ҶДММ «Тиглат»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиглат»-ро ба истифода доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, дорои иқтидори баланди истеҳсолӣ мебошад. Фаъолияти он ба истеҳсоли маводи гуногуни сохтмонӣ, лавозимот барои воситаҳои нақлиёт, маснуоти нимтайёр ва тайёр аз пластмасса, инчунин маснуоти фулузӣ, ки бо технологияи кӯфтан омода мешаванд, равона гардидааст.
Рангҳои сохтмонии корхона аз 24 намуд иборат буда, дар зарфҳои пластмассӣ бо ҳаҷмҳои 4, 7, 10, 15 ва 21 килограмм банду баст мешаванд. Рангҳои алкидӣ низ аз 9 намуд иборат буда, аз 40 номгуи ранг дар зарфҳои тунукагӣ бо ҳаҷмҳои 0,8 то 20 килограмм истеҳсол мегардад.
Хокаҳои хушки сохтмонӣ дар корхонаи мазкур 9 намуд омода шуда, дар халтаҳои қоғазии 25-килограмма бастабандӣ мешаванд. Ҳамаи маҳсулот тибқи меъёрҳои давлатӣ истеҳсол гардида, аз назорати қатъии сифат дар корхона мегузаранд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона пурра ивазкунандаи воридот буда, талаботи бозори дохилӣ ба маводи босифати сохтмонии ватаниро таъмин мегардонад. Истеҳсоли ин маҳсулот имкони густариши содиротро низ фароҳам оварда, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳаи кишвар мусоидат мекунад.
Бунёди чунин корхонаҳо дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар сурат гирифта, ба таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва боло рафтани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ замина мегузорад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад






