Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд

Ноябрь 6, 2025 02:56

ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд.

Дар фурудгоҳи ҳарбии Эндрюси шаҳри Вашингтон меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Муовини якуми Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау, Ёвари Котиби давлатӣ Пол Капур, Муовини роҳбари Протоколи ИМА Эбби Ҷонс ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки сафари кории Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вашингтон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп сурат мегирад. Дар ин ҷо Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ва дигар чорабиниҳои муҳим баргузор мегарданд.

Дар иқоматгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Вашингтон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 06.11.2025

Ноябрь 6, 2025 02:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон