РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Ҷашне, ки ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои беназири Президенти Тоҷикистон бахшида шудааст
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил мегардад — ҷашне, ки ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Ин рӯз рамзи эҳтиром, сипос ва арҷгузорӣ ба роҳбари хирадмандест, ки миллати тоҷикро аз вартаи парокандагию ноамнӣ раҳоӣ бахшида, ба роҳи сулҳ, субот ва рушди устувор раҳнамун сохт.
Дар аввали солҳои 90-ум, вақте ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, маҳз бо ҷасорат, матонат ва иродаи қавии Эмомалӣ Раҳмон нахустин қадамҳои бунёди сулҳ гузошта шуданд. Пешвои миллат тавонистанд бо сиёсати мардумсолорона ва иродаи сиёсӣ музокироти созандаро бо ҷонибҳои даргир оғоз намуда, миллатро ба роҳи ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ раҳнамун созанд.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 — натиҷаи сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад. Бо ин санад давлати тоҷикон ба марҳилаи нави сулҳ, субот ва созандагӣ ворид гардид.
Дар давраи баъдӣ зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузурги давлатсозию миллатисозӣ амалӣ шуданд:
— барқарор намудани сохторҳои давлатӣ ва амниятии мамлакат;
— эҳёи иқтисоди миллӣ ва роҳандозии ислоҳоти заминавӣ;
— таъмини истиқлоли энергетикӣ ва ғизоӣ;
— татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун», роҳҳои байналмилалӣ ва пулҳои пайвандгари минтақаҳо;
— рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг;
— таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвару устувор.
Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳдӯст, рушдкунанда ва дорои сиёсати мутавозин шинохта шудааст.
Нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат, поягузори давлатдории навини тоҷикон ва рамзи истиқлоли миллӣ дар таърихи давлатсозии муосир бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифтихор дорем, ки дар давраи роҳбарии шахсияти таърихие зиндагӣ мекунем, ки умри худро саросар ба сулҳ, ваҳдат, эҳёи миллат ва рушди давлат бахшидаанд.
Рӯзи Президент рӯзи сипос ба фарзанди содиқи милла ва, меъмори сулҳу давлатдории тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Имрӯз вазифаи ҳар яки мост, ки сулҳу оромӣ, ваҳдат ва истиқлоли Ватанро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем ва бо меҳнату садоқат ба Пешвои миллат дар роҳи пешрафти Тоҷикистон саҳм гузорем.
Султон РАҲМОНЗОДА,
директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






