Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко ба Душанбе омад

Ноябрь 13, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 13.11.2025  /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 12 ноябр Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко барои иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон омад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар назар аст, ки Валентина Матвиенко дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намояд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе чорабиниҳои сессияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мегарданд. Дар кори он иштироки ҳайатҳои парламентии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар назар аст.

Дар ҷаласа иштирокчиён маълумотро оид ба қарорҳои Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 10 октябри соли 2025 ва Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 29 сентябри соли 2025 шунида, якчанд масъаларо баррасӣ мекунанд. Аз ҷумла, раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025, фаъолияти Комиссияи ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, супоридани ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов ва дигар масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин нақшаи кори Ассамблеяро барои соли 2026 ва натиҷаҳои чорабиниҳои соли равон баргузоршударо баррасӣ менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 13, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд