Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр) озмуни «Беҳтарин ролик дар васфи Пешвои миллат»-ро эълон менамояд.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роликҳо бояд фаъолияти пурсамар, талошҳои созанда ва хидматҳои арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, амнияту субот ва рушди устувори ҷомеа инъикос намоянд.
Навори видеоӣ бояд бо сифати хуб ва мундариҷаи тарбиявию ватандӯстона пешниҳод гардида, ҳаҷми он то 5 дақиқаро дарбар гирад.
Ғолибони ҷойи аввал бо 20 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 15 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд. Муҳлати пешниҳоди роликҳо то 14 ноябр мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул намуданд. Минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бе истироҳат таҷлил карда мешавад.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






