Сафири Тоҷикистон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон мулоқот намуд

Ноябрь 14, 2025 16:50

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои саноат, маҷмааи сохтмонӣ ва қувваи барқ Аннамаммедов Баймират мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар соҳаҳои саноат, маҷмааи сохтмонӣ, таъсиси иқтидори нави истеҳсолии муштарак ва роҳҳои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории мутақобили судманд ибрози андеша намуданд.

Дар ин робита баррасии имконияти баланд бардоштани додугирифти маҳсулоти саноатӣ ва иштирок дар лоиҳаҳои ояндадори тарафайн, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Туркманистон амалӣ гардонида мешаванд, мувофиқи мақсад арзёбӣ карда шуд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон

 

 

Ноябрь 14, 2025 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»