Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» оғоз гардид

Ноябрь 4, 2025 09:55

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1045-солагии донишманди маъруфи тоҷик, табиби оламшумул, ҳаким  Абуалӣ ибни Сино Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи «Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар симпозиум бо иштироки донишмандони маъруфи ватаниву хориҷӣ саҳми Ибни Сино дар рушди илм, аҳамияти осори Абуалӣ ибни Сино дар замони муосир, масъалаҳои омӯзиши осори энсиклопедии Абуалӣ ибни Сино дар асоси сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ ва дастхатҳо, робитаҳои фарҳангии халқҳои минтақа ва ҷаҳон дар асрҳои миёна ва мақоми Абуалӣ ибни Сино дар он ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 

 

 

Ноябрь 4, 2025 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд