Вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф ҳамоиш баргузор гардид

Ноябрь 18, 2025 10:56

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – ҳомии истиқлолияти давлатӣ ва меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ» ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Қабл аз оғози ҳамоиш дастовардҳои илмии муҳассилини литсей дар озмуну олимпиадаҳои фаннии дохилию ҷаҳонӣ, корҳои лабораторӣ ва имконияти муассиса ба намоиш гузошта шуд.

Иброз гардид, ки Рӯзи Президент рамзи арҷгузорӣ ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти мамлакат мебошад. Ин сана эҳтиром ба заҳматҳои Роҳбари давлат аст, ки барои сулҳу субот ва ободии Тоҷикистон талошҳои бузург намудаанд.

Зимни ҳамоиш ходими адабӣ Ғайбулло Авзалов изҳор дошт, ки рӯйдоди бузургтарини Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ- интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ ва сипас соли 1994 ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки роҳи рушди минбаъдаи мамлакатро равшан ва устувор сохт.

Иштирокдорон изҳор доштанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуда, дар давраи истиқлол барои тақвияти низоми таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсил иқдоми созанда ба роҳ монданд.

АКС: Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе

 

Ноябрь 18, 2025 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд