Ҷаласаи гурӯҳи кории Консепсияи «Маркази байналмилалии Наврӯз» баргузор гардид

Декабрь 25, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории Консепсияи «Маркази байналмилалии Наврӯз» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба институт.

Дар ҷаласа моҳияти Наврӯз ва ҷашнҳои миллии тоҷикон, пайдоиш ва ташаккули онҳо, инчунин суннату фазилатҳои Наврӯз баррасӣ карда шуд.

Иштирокдорон дар бораи мақсаду вазифаҳои марказ, сохтори он ва мазмуну муҳтавои муҷтамаъ баёни андеша карда, пешниҳодҳои муфид доданд.

Ёдовар мешавем, ки 16 декабр зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.

АКС: Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 25, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид
Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад