Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогохū, гиромидошти суннатҳои поки аҷдодū ва азму ниятхои созандаву ободонии Ватани маҳбуб гарм истиқбол намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.
Дар даромадгоҳи “Наврӯзгоҳ”-и шаҳр дар растаю хаймаҳои идона бо риояи анъанаҳои миллӣ суфраҳои наврӯзии ҳафт сину ҳафт шин ва таомҳои миллии хоси Наврӯз, шириниҳои миллӣ, суманак, маҳсулоти соҳаҳои саноату кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва гаҳворасозӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Иброз гардид, ки имрӯз ин ҷашни бостониву фархундаро аҳли сайёра ҳамчун нишонаи эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ, вусъати ободкориву созандагӣ ва робитаҳои неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё истиқбол мегиранд.
Ҷашни Наврӯз аслан яке аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони мо аст, ки бо фарорасиаш аз омадани фасли зебои бахор ва ибтидои Соли нави аҷдодū мужда мерасонад. Ин мужда рамзи офариниши хаёт, эхёи табиат ва оғози тозаи зиндагū буда, ҳамзамон чун суннати қадимаи ниёгони ориёии мо маънои пирўзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадиро ифода месозад.
Наврӯз дар давоми таърихи беш аз шашхазорсолаи хеш бурду бохтхои зиёдеро аз сар гузаронида, хамчун рамзи безаволи тамаддуни ориёӣ бо мазмуну муҳтавои зиндагисози худ то имрўз ҷашн гирифта мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






