Ҷаласаи муштараки кумитаи ҳамоҳангсози Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз ва Шурои машваратии андозсупорандагон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки кумитаи ҳамоҳангсози Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз ва Шурои машваратии андозсупорандагон доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андоз хабар доданд, мавзуи ҷаласа ба татбиқ ва дастовардҳои Лоиҳаи «Амалиёти ислоҳоти андоз» ва дурнамои рушди рақамикунонии соҳаи андоз дар Тоҷикистон бахшида шуд. Дар он намояндагони вазорату идораҳои гуногуни давлатӣ, ташкилоти хориҷӣ, ширкатҳои ватанӣ ва ассотсиатсиятҳои соҳибкорон иштирок доштанд.
Муовини якуми раиси Кумитаи андоз Аюбҷон Солеҳзода оид ба ҷараёни татбиқи Барномаи амалиёти ислоҳоти андоз дар ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод намуд. Иброз гардид, ки Лоиҳаи «Амалиёти ислоҳоти андоз» ва дурнамои рушди рақамикунонии соҳаи андоз дар Тоҷикистон, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад, ба иҷрои ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ то соли 2030”, “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025” ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ равона гардида, ба ташкили низоми самаранок, шаффоф ва пешгӯишавандаи андоз, таҳкими устувории молиявии давлат, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ нигаронида шудааст.
Ин лоиҳа ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии давлатӣ дар соҳаи андоз, ҷорӣ намудани платформаҳои муосири рақамӣ ва низомҳои автоматикунонидаи идоракунии андоз мусоидат менамояд.
«Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа ташаккули низоми шаффофу самараноки андоз, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи риояи ихтиёрии қонунгузории андоз мебошад»,-гуфт Аюбҷон Солеҳзода.
Таъкид гардид, ки сиёсати андоз имрӯз дар тамоми ҷаҳон тағйир ёфта, бе гузаронидани ислоҳот рушди ин соҳаи муҳим ғайриимкон мебошад.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Восидиён иброз дошт, ки натиҷаҳои мониторинги лоиҳа нишон дод, ки Кумитаи андоз дар самти рақамикунонии соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Истифода аз барномаю модулҳои компютерӣ, зеҳни сунъӣ ва ҷорӣ намудани хизматрасонии зиёди электронӣ барои андозсупорандагон боиси шаффоф гаштани низоми андоз ва коҳиш ёфтани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ гаштааст.
Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба пешниҳоди имтиёзҳои муайян барои андозсупорандагон, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод гаштани соҳибкорон ва ширкатҳое, ки панелҳои офтобӣ ва қисмҳои онро ба ҷумҳурӣ ворид менамоянд, рушди иқтисоди “сабз”, мошинҳои барқӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки татбиқи лоиҳаи «Амалиёти ислоҳоти андоз» ва дурнамои рушди рақамикунонии соҳаи андоз дар Тоҷикистон ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат расонида, ба баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти маъмурикунонии андоз, таҳкими эътимоди соҳибкорон, беҳтар гаштани муҳити соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷалби сармоягузорӣ мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






