Ҷаласаи якуми Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор гардид

Декабрь 24, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» таъсис дода шуда, ҳамзамон ҷаласаи якуми он доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Зимни ҷаласа раёсат ва аъзои шуро тасдиқ гардид. Иброз шуд, ки дар оянда ҷаласаҳои шуро тибқи Низомномаи он дар шакли конференсияҳо баргузор карда мешаванд.

Шуро мақоми ҷамъиятии машваратие мебошад, ки ба таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон дар оила, муҳайё сохтани шароити баробар барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо, инчунин васеъ кардани иштирок ва саҳми занон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии иқтисодӣ ва идораи корҳои ҷамъиятӣ равона мегардад.

Шуро арзишҳои умумиинсонӣ, адолати иҷтимоӣ ва сохтори демократии ҷомеаро ҷонибдорӣ намуда фаъолияти худро бо пайравӣ ба принсипҳои қонунӣ, баробарии аъзо, ихтиёрӣ ва фаъолияти ошкоро анҷом медиҳад.

Дар ҷаласа собиқадорони меҳнат, ходимони сиёсӣ ва фаъолони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуда, доир ба беҳтар намудани фаъолияти шуро пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 24, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид