Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти мусиқии симфонӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Абузабӣ Директори Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Солизода якчанд мулоқот баргузор намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, Олимҷон Солизода бо муовини Вазири фарҳанги Амороти Муттаҳидаи Араб Ҳуда Аҳмад Ал-Маршудӣ ва Ёвари директори Театри миллии Аморот Ҳотим Алӣ Ал-Нувайс мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо рушди ҳамкорӣ байни ниҳодҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Аморотро муҳим арзёбӣ намуда, ҷанбаҳои тадорукотӣ ва логистикии ташкили барномаҳои консертии симфонӣ ва эстрадиро ба муносибати 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои миллӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон мулоқоти Олимҷон Солизода бо Директори идории «Оркестри миллии Амороти Муттаҳидаи Араб» Шайха Алия бинти Холид Ал-Қосимӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ ҳамтоён барои ба роҳ мондани шарикӣ дар самти пешбурди мероси фарҳангию мусиқӣ изҳори омодагӣ намуда, зарурати имзои санади ҳамкориро ҷиҳати ташкили барномаҳои муштараки консертии симфонӣ ва эстрадӣ таъкид карданд.
Инчунин масъалаҳои ҷалби санъаткорон, мутрибон ва сарояндагон ба даврҳои бозомӯзӣ, иштирок дар чорабиниҳои миллӣ ва фестивалҳои байналмилалии мусиқӣ дар давлатҳои ҳамдигар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






