Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаҳои синамо ва авиатсия густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини раиси Шурои директорони муассисаи синамои миллии Кувайт Ҳишом Фаҳд Ал-Ғоним мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои фарҳанг ва синамо баррасӣ гардид.
Зимни мулоқот омодагии ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи ташаббусҳо ва баргузории чорабиниҳои муштарак дар соҳаи фарҳангу синамо таъкид гардид.
Ҳамучнин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода зимни мулоқот бо раиси Шурои директорони ширкати ҳавопаймоии «Kuwait Airways» Абдулмуҳсин Солим Ал-Фақъон масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Кувайтро аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Kuwait Airways» баррасӣ намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт









Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






