Аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд карда мешавад. Чунин баён гардид 16 декабр зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ.
Ҳамзамон Сарвари давлат дастур доданд, ки маоши дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд. Аз аввали соли таҳсили 2025-2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шуд. Маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол ба сол афзоиш дода шудааст, ки ин, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омӯзгорон мусоидат мекунад.
Дар воқеъ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи Тоҷикистон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид. Таъсиси квотаи президентӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо ва донишгоҳҳои нав, баланд бардоштани нақши омӯзгор дар ҷомеа, додани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон аз ҷумлаи ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат мебошанд, ки дар рушди соҳа амалӣ карда мешаванд.
Тақрибан ҳамасола баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи маориф далели бебаҳси таваҷҷуҳ ба ҳаёти иҷтимоии омӯзгор ва ба ин васила баланд бардошти сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он идома дорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар мегардад.
Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
«Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад», -иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки дар замони ҷаҳонишавӣ бартарӣ ва афзалият додан ба соҳаи маориф, бешубҳа, воситаи муҳими расидан ба ҳадафҳо ва амалӣ намудани нақшаҳои стратегии давлат мебошад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки бартарият додан ба соҳаи маориф ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ мусоидат менамояд. Бо инобати ин Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа бештар таваҷҷуҳ намуда, барои пешрафти он аз тамоми имконот истифода менамояд. Зеро барои ҳамқадами замон будан, пеш аз ҳама, бояд насли донишманд ва босавод тарбия намуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






