Ба кӯдакони ятим ва ниёзманди ноҳияи Ёвон кумак расонида шуд

Декабрь 24, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба кӯдакони ятим ва ниёзманди ноҳия кумак расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Раиси ноҳия Икромиддин Вализода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Ҳасанзода иброз намуданд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии шоистаи онҳо пайваста мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дорад.

Иброз гардид, ки чунин иқдоми хайрхоҳона на танҳо ба шодии кӯдакон мусоидат мекунад, балки ҳисси меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва масъулияти иҷтимоиро дар ҷомеа таҳким мебахшад.

Кӯдакон ва намояндагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба роҳбарияти ноҳия барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста изҳори сипос намуда, чунин чорабиниҳоро нишонаи ғамхории воқеии давлату Ҳукумат арзёбӣ карданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Декабрь 24, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»