Бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр дар шаҳри Душанбе ба муносибати 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-маҳсули хиради волои Пешвои миллат» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизб баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби умумимиллӣ аз иродаи мардуми шарафманди Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати ҷумҳуриамон ворид шуд. Ҳизб дар ин муддат барои барқарорсозии сулҳу оромӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ саҳми сазовор гузошт.
Имрӯз ин ниҳоди мафкурасози ҷомеа дар таблиғу ташвиқи арзишҳои милливу маънавӣ ва ташаккул додани тафаккури зеҳнии шаҳрвандон нақши муаасир дошта, созандагию бунёдкорӣ ва расидан ба зиндагии пурсаодатро дар меҳвари фаъолияти худ қарор додааст.
Зимни ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён таъкид доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун бузургтарин ҳизби сиёсӣ дар мамлакат дар тамоми давраи истиқлолият васеътарин фаъолиятро барои бозгашт ба решаҳои таърихӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва тақвияти унсурҳои ҳувияти миллии тоҷикӣ анҷом додааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули иродаи қавӣ, нияти нек, хиради воло, дурандешӣ, мақому манзалати хоссаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо сабку усули қиёснопазир ба саҳнаи сиёсат омад.
«Ҳизб бо истифода аз таҷриба ва сабақҳои таърихӣ, бо роҳи суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ бобати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд барои солҳои оянда тамоми қудрату неруро ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба давлати транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат равона месозад»,-гуфта шуд дар чорабинӣ.
Зимни ҳамоиш як зумра фаъолони ҳизб, ки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои Оиннома ва барномаҳои ҳизб саҳми арзанда гузоштаанд, бо медали ҷашнии 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз карда шуданд.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе








Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид






