Байни Тоҷикистону Ҷопон Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои солҳои 2026-2028 қабул карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Тоҷикистону Ҷопон Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои солҳои 2026-2028 қабул карда мешавад. Дар ин хусус зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон хонум Санаэ Такаичи 20 декабр дар шаҳри Токио гуфта шуд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷопон хонум Санаэ Такаичи дар мулоқот масъалаҳо оид ба ҷалби сармояву технологияҳо, қарзҳои имтиёзноки Ҷопон, иштироки ширкатҳои пешрафтаи ҷопонӣ барои ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ дар соҳаҳои электроника, нақлиёти автомобилӣ, дорӯсозӣ, коркарди маъдан ва кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба ҳамкорӣ дар соҳаи «иқтисоди рақамӣ» ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҷалби ширкатҳои ҷопонӣ барои азхудкунии конҳо, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои коркарди пахта, пилла, сабзавоту меваҷот ва растаниҳои шифобахш аз мавзуъҳои муҳими дигари мулоқоти мазкур гардид.
Дар суҳбат соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳатӣ, бахшҳои фарҳангию башарӣ, бахусус маориф аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд. Ҳамчунин дар мулоқот барои зиёд кардани ҳиссаи бурсияҳо оид ба омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои тиб, техникаи авиатсионӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи муҳити зист изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 18 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ — Ҷопон» ба шаҳри Токиои Ҷопон сафар карданд.
Хотиррасон мешавем, ки 19 декабр дар доираи ин сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон бо як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуда, аз шароити таҳсили онҳо пурсон шуданд.
Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки донишҷӯёни тоҷик донишу малакаи дар Ҷопон бадастовардаи худро барои рушду пешбурди Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард. Пешвои миллат ҷавонони тоҷикро даъват намуданд, ки бояд ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисиву сохтмон, роҳсозӣ, энергетика, технологияҳои нав ва дигар соҳаҳои муҳим таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






