БЕМАСЪУЛИЯТӢ ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Корманди зеристгоҳи барқӣ қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода менамояд
ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Корманди зеристгоҳи барқии 35/10 кВ, воқеъ дар ҳудуди деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик Шуҳрат Самиев аз бинои навбатдорӣ то хонаи истиқоматиаш, ки дар наздикии зеристгоҳ ҷойгир аст, ба таври пинҳонӣ хати барқ кашида, бе пайвастшавӣ ба ҳисобкунак аз неруи барқ ғайриқонунӣ истифода менамудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни гузарондани корҳои санҷишӣ ва муоинаи техникии зеристгоҳи барқии 35/10 кВ, воқеъ дар ҳудуди деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб якчанд камбудию қонуншиканиҳоро ошкор намуданд.
Инчунин бинои навбатдорони ин зеристгоҳи барқӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, навбатдорон аз таҷҳизоти худсохти барқӣ истифода менамуданд. Дар ҷараёни санҷиш маълум шуд, ки корманди зеристгоҳ Шуҳрат Самиев аз бинои навбатдорӣ то хонаи истиқоматиаш, ки дар наздикии зеристгоҳ ҷойгир аст, пинҳонӣ хати барқ кашида, бе пайвасткунии он ба ҳисобкунак аз неруи барқ ғайриқонунӣ истифода менамудааст.
Баъди ошкор гардидани ин қонуншиканиҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳолатҳои мазкур санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва тадбирҳои дахлдор андешида шуданд.
Бояд гуфт, ки истифодаи ғайриқонунии барқ дар Тоҷикистон ҷавобгарии ҳам маъмурӣ ва ҳам ҷиноятӣ дар пай дорад. Ин асосан ба «аз ҳисоб берун гирифтани барқ» тавассути дахолат ба ҳисобкунакҳо (счётчик) ё пайвастшавии мустақим бе ҳисобкунак дахл дорад. Ин ҳолат боиси зарари молӣ ба давлат мешавад, бахусус такроран содир кардани он пас аз ҷазои маъмурӣ метавонад сабаби ҷавобгарии ҷиноятӣ гардад.
Истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ солҳои охир афзоиш ёфта, ба амнияти энергетикӣ ва иқтисоди миллӣ зарари ҷиддӣ мерасонад. Ин боиси он гардид, ки дар чанд соли охир дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар қаламрави ҷумҳурӣ маҳдудияти истифодаи қувваи барқ амалӣ карда шавад. Пешгирӣ ва танзими ин амали номатлуб танҳо бо чораҳои маъмурӣ имконпазир набуд, аз ин рӯ, бо назардошти талаботи замон истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ҳамчун ҷиноят муқаррар карда шуд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 апрели соли 2025, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи навбатии махсус, яъне моддаи 253 иловаи 1 «Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ» илова гардид.
Аз натиҷаи санҷиши кормандониАгентӣ мушоҳида мешавад, ки на ҳама шаҳрвандон медонанд, ки зери мафҳуми истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ чӣ дар назар дошта мешавад ва ин моддаи қонун нисбат ба кадом категорияи истифодабарандагони қувваи барқ ба кор бурда мешавад.
Тибқи илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ҷазоҳои гуногуни асосӣ ва иловагӣ, вобаста ба вазнинии кирдор пешбинӣ карда шудаанд: аз ҷумла, қисми 1 моддаи 253, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҳам ҷазои ҷарима ва ҳам ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ намудааст. Қисми 2 ва 3 моддаи мазкур ҳам ҷазои асосӣ, яъне ҷарима ва маҳрум сохтан аз озодӣ ва ҳам ҷазои иловагӣ, яъне маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайянро ба муҳлати то 10 сол пешбинӣ намудаанд.
Қонунгузор дар қисми 2 моддаи мазкур истилоҳи «Бо мақоми хизматӣ»-ро пешбинӣ кардааст, ки ҳолати мазкур ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷазо баҳогузорӣ карда мешавад. Яъне, агар вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ аз ҷониби шахсе, ки барои назорат намудани ҳолатҳои пешгирии истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ваколатдор шудааст, зимни иҷрои вазифаҳои хизматиаш бо мақсади ғаразнок содир гардад, чунин ҳолат ҳамчун ҳолати вазнинкунанда ва бо истифода аз мақоми хизматӣ баҳогузорӣ карда мешавад.
Агентии назорати давлатии энергетикӣ таъкид менамояд, ки истифодаи ғайриқонунии неруи барқ боиси халалдор гардидани фаъолияти муназзами низоми энергетикӣ гардида, тибқи қонунгузорӣ ҷавобгарӣ дар пай дорад. Дар ин замина барои пешгирии чунин қонуншиканиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ минбаъд низ идома меёбанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид






