«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. МегаФон Тоҷикистон бастаҳои хизматрасонии «БОЗ NEW»-ро пешниҳод намуд, ки бо ёрии онҳо муштариён имкон доранд миқдори зарурии дақиқаҳо, мегабайтҳо ва СМС-ро чун илова ба тарофаи асосӣ интихоб намоянд. Дар баробари ин, нархи бисёри бастаҳо дар муқоиса ба силсилае, ки қаблан ҷорӣ гардида буд, пасттар аст.
«БОЗ NEW» барои ҳолатҳое пешбинӣ гардидааст, ки вақте ҳаҷми бастаи асосии хизматрасониҳои алоқаи муштариёни фаъол, ки ба тарофа дохил шудаанд, ба поён мерасад. Муштарӣ метавонад вариантеро вобаста ба талаботи худ интихоб намояд. Масалан, агар муштарӣ нияти анҷомдиҳии зангҳои сершуморро дошта бошад, ба ӯ бастаи дорои 300 дақиқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ меояд, ҳангоми фаъолнокии пасти муштарӣ ба ӯ 50 дақиқа кифоя аст. Ба истифодабарандагони интернет аз 500 то 3 000 Мб трафик пешниҳод карда мешавад. Мутаносибан дӯстдорони онлайн-видео ҳаҷми бештари трафики иловагиро интихоб менамоянд, зеро барои паёмрасонҳо ҳаҷми камтари баста низ басанда аст.
Силсилаи навкардашуда имконияти муштариёнро васеъ менамояд. Ба қатори хизматрасониҳои дастрас СМС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, нархи бисёри бастаҳо назар ба нархҳои пешинаи бастаҳо пасттар аст. Ҳамин тавр, 3 000 Мб дар силсилаи «БОЗ ҲАМ+» 35 сомонӣ арзиш дошт. Нархи бастаи «БОЗ NEW 3000 Мб» ба 25 сомонӣ баробар аст.
«Мо пайваста кӯшиш мекунем, ки маҳсулоти худро то ҳадди имкон чандир ва муносиб гардонем. Силсилаи «БОЗ NEW» ба ҳар нафар имкон медиҳад, ки бе пардохти маблағи зиёдатӣ хизматрасониҳои иловагии худро мустақилона идора намоянд. Мо мушоҳида кардем, ки муштариён пешниҳодҳои махсусгардонидаро бештар интихоб менамоянд. Бастаҳои нав пурра ба интизориҳои онҳо ҷавобгӯ мебошанд», — мегӯяд директори амалиётии ширкати МегаФон Тоҷикистон Илдар Салихов.
Бастаҳоро метавон дар тарофаҳои амалкунанда тавассути замимаи «МегаФон Life», ҳуҷраи шахсӣ, бо ёрии USSD-дархостҳо ё дар наздиктарин идораи хизматрасонии ширкат пайваст намуд. Маълумот оид ба бастаҳои «БОЗ NEW» дар ҷадвали зерин оварда шудааст:
Давраи амали бастаҳо ба муҳлати амали тарофаи асосӣ баробар аст. Пас аз анҷоми давра ё азнавпайвасткунии тарофа бастаҳои иловагии «БОЗ NEW» ба таври автоматӣ қатъ мегарданд.
Муштариён метавонанд миқдори бемаҳдуди бастаҳоро пайваст намоянд, ҳаҷми онҳо бо ҳам ҷамъ карда мешавад. Дар баробари ин, трафики интернет, дақиқаҳо ва СМС-и тарофа афзалияти баландтар дошта, дар навбати аввал сарф карда мешаванд ва бастаҳои «БОЗ NEW» танҳо баъди ба поён расидани меъёри асосӣ фаъол мегарданд.
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






