Дар Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаҳои саноат, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва занбӯриасалпарварӣ доир шуд

Декабрь 24, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ҳавасмандгардонии соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, ҳунармандӣ ва занбӯриасалпарварӣ аз рӯйи номинатсияҳои гуногун доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  хабар доданд.

Зимни маросими ҳавасмандгардонии беҳтаринҳо иброз гардид, ки ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, таъсиси ҷойи нави кор, истеҳсоли маҳсулоти ватании воридотивазкунанда ва гузариш ба самти рушди устувор тавассути саноатикунонии босуръат дар мамлакат аҳамияти хосса дорад.

Сарвари давлат ба рушди соҳаи саноат ва бунёди корхонаҳои хурду бузург диққати аввалиндараҷа дода, саҳми соҳибкорону шахсони саховатмандро дар ин ҷода қаноатбахш меҳисобанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли равон иброз доштанд, соли 2025 дар мамлакат беш аз 400 корхонаи саноатӣ бунёд карда шуд. Ин иқдом дар оянда низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар ин замина бояд гуфт, ки давоми солҳои 2022-2024 ва дар 11 моҳи соли 2025 дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 146 корхона ва коргоҳ мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ин шумора танҳо дар 11 моҳи соли 2025  52 корхона ба истифода дода шуд, ки ин раванд дар самти саноатикунонии босуръати вилоят бесобиқа мебошад.

Таъкид шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои амалисозии он ҳамасола тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 11 моҳи соли 2025 дар вилоят 10 737 оила занбӯри асал парвариш ёфтааст. Дар ин давра 96 тонна асал истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  33 тонна зиёд мебошад.  Теъдоди оилаҳои занбӯри асал  соли равон ба миқдори 2,5 ҳазор оила зиёд шуд.  Инчунин дар вилоят 359 ҳунарманд фаъолият намуда, дар чорабиниҳо ва намоишҳо маҳсулоташонро ба маърази тамошо мегузоранд.

Ба хотири эҳё, рушд ва ташвиқу тарғиби фарҳанги ҳунари ғановатманди тоҷикони кӯҳистон Ассотсиатсияи ҳунармандони вилоят таъсис дода шудааст. Дар заминаи фаъолияти он теъдоди зиёди ҳунарҳои мардумӣ, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, аз нав эҳё гардиданд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба беҳтарин корхонаи дӯзандагӣ, корхонаи коркарди санг, корхонаи қаннодӣ, корхонаи дорусозӣ ва гиёҳҳои шифобахш, корхонаи коркард ва банду басти мева, корхонаи истеҳсоли дару тиреза, беҳтарин бофанда, армуғонсоз, муҳракаш, сабадбоф, асбобҳои мусиқӣ, рассоми кундалсоз, беҳтарин ширкати сайёҳӣ, роҳбалади сайёҳӣ ва беҳтарин меҳмонхонаи хурд дар деҳот, дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин занбӯриасалпарвар» ва «Беҳтарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти занбӯри асал» Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Декабрь 24, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Вена оид ба таъсиси низоми «Равзанаи ягона» барои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон санади грантӣ ба имзо расид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кӯшиши ворид намудани рақами қалбакии давлатии воситаи нақлиёт ошкор гардид
Намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Корея бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шинос шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Раёсати Шурои соҳибкории СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Форуми сармоягузории СҲШ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дар муколамаи панелии Форуми OPEC дар Вена муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Зафарабод беш аз 6 ҳазор гектар ғалладонагӣ кишт карда шудааст
Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашӣ васлу насб карда шуд
Дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар Вена баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд