Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ мавриди иҷро қарор медиҳанд
ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид.
Тавре аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастҷамъона тамошо намуданд.
Иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои тамоми соҳаҳои мамлакат ҳамчун дастури роҳнамо арзёбӣ мешавад. Зеро он ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, маърифатнокии ҷомеа, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла беҳтар намудани шароити иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими идеяҳои сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ нигаронида шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои мамлакатро дар солҳои сипаришуда, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва занони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои андешидани тадбирҳои мушаххас дар рушди иқтисодиёти рақамӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷорӣ намудан ва васеъ истифода бурдани технологияҳои муосир, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода бурдани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон пешниҳодҳои мушаххас намуданд.
Сарвари давлат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки бунёди миллат аз соҳаи маориф оғоз ёфта, ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи давлат ва ватан мебошад.
Кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо изҳори қаноатмандӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, ки масъалаҳои вобаста ба соҳаи маорифро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, дар амалисозии он саҳми арзанда мегузоранд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






