Дар Душанбе намоишгоҳи хайриявӣ баргузор гардид

Декабрь 8, 2025 10:59

ДУШАНБЕ, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе намоишгоҳи хайриявӣ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода доир ба мақсаду мароми ин чорабинӣ гуфт, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ташаббус ва иқдомҳое аст, ки ба нафъи инсон, таҳкими сулҳ, амният ва рушди устувор равона шудаанд. «Мо бар ин боварем, ки амалҳои хайриявӣ ва иқдоми ҳамоҳангу дастҷамъонаи башардӯстона метавонанд ба қишри ниёзманди ҷомеа умеду илҳоми тоза бахшанд», — иброз намуд ӯ.

Таъкид карда шуд, ки намоишгоҳ дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, дар таҳкими ҳамкорӣ, густариши робитаҳои инсонӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа саҳми арзанда мегузорад.

Дар доираи чорабинӣ намояндагиҳои дипломатӣ маҳсулоти қаннодӣ, хӯрокҳои миллӣ, армуғон ва ҳунарҳои мардумии хешро фурӯхта, маблағи бадастомадаро барои дастгирии ниёзмандону маъюбон ба қуттии хайриявӣ гузоштанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 8, 2025 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»